Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон дар Вошингтон гирди ҳам меоянд


Normal 0

Кохи Сафед гуфт, раҳбарони ҷаҳон рӯзи 15 ноябр ба хотири баҳси роҳҳои муқобила бо бӯҳрони молӣ дар Вошингтон гирди ҳам хоҳанд омад. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино гуфт, раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои Ҷи 20-ро даъват кардааст. Ин гурӯҳ 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушди дунё, аз ҷумла Амрико, ИА, Русия, Чину Ҳинд, Бразил Арабистони Саудӣ ва Ҷопону Олмону Фаронсаро муттаҳид мекунад. Дар нишасти Вошингтон, қарор аст, иллатҳои бӯҳрони молӣ, талошҳои то ҳол анҷомшуда ҷиҳати муқобила ба он ва ҳам оғози ислоҳоти лозим ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори айни бӯҳронҳо баррасӣ шаванд.


XS
SM
MD
LG