Пайвандҳои дастрасӣ

Маоши миёна дар Тоҷикистон - 67$


Normal 0

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, маоши миёнаи моҳона дар ин кишвар дар моҳи август 228 сомониро ташкил дод, ки муодили тақрибан 67 доллар аст.

Ба ҳисоби ин кумита, ҳаҷми маоши миёна назар ба августи соли гузашта якуним маротиба афзуда, вале дар муқоиса бо моҳи июл чизе бештар аз 4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми маоши миёна дар байни кишварҳои шӯравии собиқ дар яке аз мақомҳои охир қарор дорад.


XS
SM
MD
LG