Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймои "КрасЭйр" ба таъхир уфтод


Ҳавопаймои ширкати русии “КрасЭйр”, ки дар масири Душанбе-Красноярск парвоз анҷом медиҳад, рӯзи дуввум аст, ки аз фурудгоҳи Душанбе наметавонад парвоз кунад.

Масъулини ширкати “ТоҷикЭйр” аз пули маводи сӯхт 89 000 доллар қарздор шудани “КрасЭйр”-ро иллати аслии ба таъхир уфтодани парвози ҳавопаймо номидаанд.

Ин ҳавопаймо бояд ҳудуди 80 мусофирро аз пойтахти Тоҷикистон ба Красноярски Русия мерасонд.
XS
SM
MD
LG