Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар кӯшиши олимони кайҳоншиноси Ҳинд барои фатҳи Моҳ муваффақиятомез сурат бигирад, ин кишвар ба маҳфили чанд кишвари ангуштшуморе ворид мешавад, ки ба қавле сатҳи Моҳро аз наздик дидаанд.

Танҳо Амрико, Русия, Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупо ва Ҷопону Чин тавонистаанд моҳвораҳои сунъиро ба мадори Моҳ фиристанд. Ва танҳо Амрико тавонистааст, кайҳоннаварди худро дар рӯи ин меҳвари Замин нишонад.

Нахуствазири Ҳинд Маҳмоҳан Сингҳ пас аз партоби мушак, олимони кишварашро барои ин шоҳкориашон ситоиш кард:

“Ман тамоми олимонеро, ки дар ин кор саҳм доштанд, барои гоми нахустини муваффақ табрик мегӯям. Вақте ин кор такмил мешавад, Ҳиндустонро ба гурӯҳи хурди шаш кишваре шомил мекунад, ки то кунун ба Моҳ абзори таҳқиқотӣ фиристодаанд. Ҷомеаи илмии мо бори дигар кишварро сарбаланд кард, ва тамоми миллат ба онҳо аҳсан мегӯяд. “

Мудири Оҷонси кайҳоншиносии Ҳинд, Мадҳавон Найр қудрати мушаки тавлиди худиро тавсиф кард, ки ин мушак, пас аз 19 дақиқаи партоб моҳвораи сунъии Чандраян-1-ро ба мадори Замин баровард. Сипас, ин моҳвораи сунъӣ аз мадори Замин равони мадори Моҳ мешавад.

Моҳвораи Чандраян-1 дар мадори Моҳ ду маротиба давр зада ва нақшаи ҷузъии маъданҳои минералӣ, кимиёвӣ ва ҷуғрофии сатҳи онро месозад. Як маъдани муҳими моҳ, ки ҷомеаи илмии Заминро ба сӯяш мекашад, моддаи кимиёвии Ҳелиум – 3 аст, ки бовар меравад, захираҳояш дар моҳ ниҳоят фаровон бошад. Аз Ҳелиум – 3 бо усули гудозиш метавонанд, нерӯи барқи атомӣ ҳосил кунанд, ки ҳоло ин усул истифода намешавад. Танҳо дар Фаронса ягона реактори ҳастаӣ вуҷуд дорад, ки бо усули гудозиш нерӯи барқ ҳосил хоҳад кард ва ҳеҷ партоби зиёновари атомӣ ҳам нахоҳад дошт ва ҳаворо низ олуда намекунад. Ба гуфтаи олимон, миқдори ҳелиум, ки онро бухори офтоб низ метавон номид, дар курраи Замин кам аст ва аз ин хотир, курраи Моҳ як макони хуби истихроҷи ин маъдан метавонад бошад.

Ба ғайр аз муваффақияти илмӣ талоши Ҳинд барои таҳқиқи моҳ обрӯи ин кишварро боло бурда ва онро ҳамчун як абарқудрати иқтисодӣ ва пешрафтаи илмӣ нишон медиҳад. Рақиби асли Ҳинд дар Осиё, Чин як сол пештар моҳвораи сунъии худро ба мадори Моҳ баровард ва ҳамин сол кайҳоннавардонаш ба фазои кушод баромаданд. Акнун Ҳинд бо моҳвораи Чандраян 1 мехоҳад, нишон бидиҳад, ки аз назари имконоти илмӣ аз рақибонаш кам нест.

Дарвоқеъ, Ҳинд талош дорад то ки пештар аз Чин дар соли 2020 кайҳоннавардони худро ба Моҳ фиристад. Дигар ин ки партоби моҳвора ба мадори Моҳ ба тарғиби мушакҳои Ҳинд мусоидат мекунад, ки ҳоло аз онҳо барои партоби моҳвораҳои мухобиротиву ҷосусӣ ба мадори Замин бисёр истифода мешавад.

Аммо на ҳама ин баландпарвозиҳои Ҳиндро ситоиш мекунанд ва барномаҳои кайҳонии кишвар мунтақид низ дорад ва яке аз онҳо Прафул Бидвай, адиб ва фаъоли шинохтаи сулҳ мебошад. Вай ҳукумати кишварашро танқид кардааст, ки ба ҷойи хӯрдани ғами миллионҳо нафар мардуми қашшоқи гурусна ва ташнаи Ҳинд миллиардҳо долларро барои барномаҳои кайҳонӣ харҷ мекунад. Прафул Бидвай ҳамчунин нигарон аст, ки мушакҳо метавонанд барои ҳадафҳои низомӣ низ истифода шаванд, аз ҷумла, мушаки имрӯза, ки моҳвораи тақрибан якуним тоннагиро ба мадори Моҳ партоб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG