Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Гурҷистон


Дар ҷараёни баррасиҳо дар порлумони Аврупо дар Страсбург мақомоти расмии Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки рафтори Русия бар зидди Гурҷистон набояд аз мадди назарҳо дур бимонад.

Бенита Ферреро Валднер - кумиссари равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба амалкардҳои Русия гуфт, нақзи тамомияти арзии Гурҷистон ва истиқлоли давлатии он қобили қабул нест. Жан Пиер Жуйе - вазири Фаронса дар умури Аврупо дар порлумони Аврупо гуфт, Русия бояд ба тамомияти арзии ҳамсоягони худ эҳтиром гузорад, муқаррароти байнулмилалиро риъоят кунад, аз истифодаи нерӯ худдорӣ варзад, ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил шавад ва ба равандҳои демократӣ суръат бахшад.

Вале ҳар ду хотирнишон сохтанд, ки ИА бояд музокираро бо Русия идома диҳад. Ба қавли онҳо, иттиҳод ба энержии Русия эҳтиёҷ дорад. Ҳаштод дарсади сармоягузориҳои хориҷии Русия ба ИА таъаллуқ дорад. Русия дар кишварҳои аврупоӣ моликияти зиёд дорад. Гузашта аз ин, Русия бидуни тардид дар ҳалли муноқишот дар ҷаҳон ва ҷилавгирӣ аз густариши аслиҳаи куштори ҷамъӣ яке аз тарафҳои аслӣ ба шумор меравад.

Ҳам вазири Фаронса ва ҳам хонум Ферреро Валднер ба хулосае расиданд, ки музокироти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Русия, ки моҳи сентябр ба ҳолати таълиқ даромада буд, бояд аз сар гирифта шавад. Ба ҷуз аз шартҳои қаблӣ дар бораи фаро хондани нерӯҳои Русия аз манотиқи ҳоили Осетиёи Ҷанубӣ барои оғози музокироти ҷонибҳо шарти дигаре пеш оварда намешавад.

XS
SM
MD
LG