Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон


Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севвумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки 22-юми октябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Маҳмадалӣ Содиқов, бозигари «Хуҷанд» ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Хуҷанд»-ро Шӯҳрат Шамсиев ба ҳадаф расонд. Баъдан бозигари ҷавони «Энергетик» Александр Франк, писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов, узви дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ҳисобро тағйир дод.

Ҳамин тариқ дастаи «Хуҷанд» баъди 6 сол боз соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Ин дафъа бозигарони Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Уроз Турақулов муваффақ гаштанд.

Вале дастаи «Энергетик», ки бо сарварии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов барои аввалин бор ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт, аз Ҷоми Тоҷикистон бенасиб монд.

БАРАНДАГОНИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

Сол

Даста

1992

«Помир» (Душанбе)

1993

«Ситора» (Душанбе)

1994

«Равшан» (Кӯлоб)

1995

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

1996/1997

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1997/1998

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1998

«Варзоб» (Душанбе)

1999

«Варзоб» (Душанбе)

2000/2001

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2001/2002

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2002

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2003

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2004

«Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров)

2005

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2006

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2007

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

2008

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

XS
SM
MD
LG