Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бруксел ҳамоиши кумак ба Гурҷистон идома дорад


Дар Бруксел як ҳамоиши байналмиллалӣ барои кумак ба Гурҷистон идома дорад. Ширкаткунандагон роҳҳои сармоягузориро баррасӣ мекунанд, то дар ин кишвар харобиҳои ҷанги моҳи август бо Руссия бозсозӣ шавад. Хоссе Мануел Бароссо-раиси Кумиссюни Аврупо дар оғози ин ҳамоиш гуфт, маҳофили баййналмиллалӣ мехоҳанд ҳимояти худро аз мардуми Гурҷистон нишон диҳанд:


"Мо имруз ин ҷо гирдиҳам омадаем, то ҳамбастагии худро бо мардуми Гурҷистон нишон диҳем".

Дар ин ҳамоиши якруза намояндагони тақрибан 77 кишвар ва созмонҳои байналмиллалии молӣ ширкат доранд. СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мезананд, ки барои бозсозии Гурҷистон барои се соли оянда 3 милярду 25 милён доллар зарур аст. Амрико аз ҳоло як милярд доллар кумак ваъда додааст. Кумиссюни Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо 500 милён евро кумак ваъда кардаанд.

XS
SM
MD
LG