Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11 кушта дар даргириҳои шимоли Покистон


Мақомоти Покистон мегуянд, дар водии Свот-воқеъ дар шимоли ғарби ин кишвар тундравҳо аз камин ба корвони нируҳои амниятӣ ҳамла бурдаанд. Баъд аз ин ҳамла даргирӣ оғоз шудааст ва дар он 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳо 5 нафар низомиён кушта шудаанд. Дар оташи ҷавобии низомиён низ 5 нафар кушта шудаанд. Як нафари дигар, ки ба эҳтимоли зиёд бамгузори интиҳорӣ будааст, мошини бамгузоришудаи худро баъд аз оташи ҷавобии низомиён мунфаҷир сохтааст. Вақтҳои ахир водии мазкур ба саҳнаи даргириҳои нируҳои амниятӣ ва тундравҳо табдил шудааст, тундравҳое, ки бо Толибон иртибот доранд ва мехоҳанд дар ин минтақа шариъати шадиди исломиро ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG