Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин киштии кайҳонии Ҳинд ба сафари Моҳ рафт


Ҳиндустон мегӯяд, киштии кайҳонии бидуни сарнишинаш субҳи имрӯз бо муваффақият ба Моҳ парвоз кард. Нахустин киштии кайҳонии Ҳинд, ки ба Моҳ парвоз мекунад, “Чандраян 1” ном дорад, ки сохти худи ин кишвар буда, маънии номаш аз забони қадимаи санскрит “Киштии Моҳ” будааст.

“Чандраян 1” аз пойгоҳи кайҳонии Шриҳарикота дар аёлати ҷанубии Андҳра Прадеш ба парвоз хестааст.

Ин киштӣ дар тӯли ду сол дар мадори Моҳ парвоз карда, дар бораи ин радифи Замин маълумот ҷамъ хоҳад овард.

Ҳазинаи парвози дусолаи киштии "Чандраян 1" 80 миллион доллар баровард шуда, Ҳиндустон акнун ба маҳфили кишварҳое мепайвандад, ки парвоз ба Моҳро анҷом додаанд. Ин маҳфил то кунун фақат Амрикову Русия, Ожонси кайҳоншиносии Аврупо ва Ҷопону Чинро дар бар мегирифт.
XS
SM
MD
LG