Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бруксел - мизбони анҷумани донорҳои Гурҷистон


Имрӯз дар Бруксел, пойтахти Белжик, ҳамоиши байналмилалии кӯмакрасонҳои Гурҷистон баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин анҷумани донорҳо, ки Бонки ҷаҳонӣва Кумиссиюни Аврупо муштаракан доир мекунанд, дарёфти сармоя барои эъмори дубораи Гурҷистон дар пайи ҳамлаи моҳи августи нирӯҳои Русия ба ин кишвар гуфта мешавад.

Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, Тифлис барои эҳёи дубораи зербино ва таъмини рушди иқтисодиаш дар зарфи танҳо се соли наздик ба дасти кам 3 миллиарду 250 миллион доллар сармоягузорӣ ниёз дорад. То кунун Амрико ба Гурҷистон 1 миллиард доллар ва Кумиссиюни Аврупо 500 миллион евро ваъдаи кӯмак кардаанд.


XS
SM
MD
LG