Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон


Normal 0

Дирӯз, 21 октябр Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон оғоз шуд. Дар ҷараёни ин рӯзҳои фарҳангӣ, ки то 24 октябр идома хоҳад ёфт, намоиши осори наққошони қазоқ таҳти унвони “Мероси Дашти Бузурги Қазоқ”, баргузории шабҳои шеър ва консертҳои ҳунармандон аз Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Қарор аст, дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон ҳамчунин чанд филми қазоқӣ, аз ҷумла “Тӯҳфа ба Сталин!, “Ҷазираи Возрождение” ва ҳам филми пурсарусадои “Кӯчӣ”-и коргардони маъруфи рус Сергей Бодров, ки аз таърихи мардуми қазоқ дар қуруни вусто қисса мекунад, ба тамошобинони тоҷик пешниҳод шаванд.

Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистонро рӯзи 24 октябр як гала-консерти бузург бо ширкати ситораҳои ҳунари ҳарду кишвар ҳусни анҷом хоҳад бахшид.


XS
SM
MD
LG