Пайвандҳои дастрасӣ

Русия бо Эрону Қатар картели газ таъсис доданист


Normal 0

Алексей Миллер, раҳбари ширкати давлатии “Газпром”-и Русия ба хотири баррасии масъалаи таъсиси картели кишварҳои содиркунандаи газ дар Теҳрон ба сар мебарад. Миллер ин мавзӯъро бо намояндагони Эрон ва Қатар, ду тавлидкунандаи умдаи газ дар халиҷи Форс, баҳс мекунад.

Ғуломҳусейн Нӯзарӣ, вазири нафти Эрон, гуфт, Русияву Қатар ва Эрон се кишвари алоқаманд ва пайгири ҷиддии ташкили созмони кишварҳои содиркунандаи газ мебошанд.

Алексей Миллер бидуни овардани ҷузъиёти зиёд гуфтааст, се кишвар дар Теҳрон чанд тарҳи муштаракро баррасӣ карданд. Вале Маскав дер боз фикри ташкили Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи газро ба мисли ОПЕК, ки содиркунандагони умдаи нафтро муттаҳид мекунад, пешниҳод мекард.


XS
SM
MD
LG