Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Толибон ба ширкатҳои телефони ҳамроҳ


Чирикиҳои толиб аз ширкатҳои телефони мобил тақозо кардаанд, пахши сигнали худ дар вилояти Ғазнӣ, ҷанубу ғарби Кобулро барои 10 рӯз қатъ кунанд. Толибон мегӯянд, сигнали ширкатҳои мобил ҷиҳати кашфу таъқиби ҷангиён истифода мешавад.

Толибон қаблан дар соли ҷорӣ ба ҳамин далел аз ширкатҳои мобил амр карда буданд, пахши сигнали худро дар соъоти шабонгоҳӣ қатъ кунанд. Ҷангиёни ба дунбол чандин манораи пахши сигнали телефонҳои мобилро дар ҷануби Афғонистон тахриб ҳам карданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, як сухангӯи Толибон, дар тавҷеҳи тақозои ахир гуфт, сигнали ширкатҳои ҳамроҳ ҳаёти ҷангиёни толибро зери хатар мегузорад.


XS
SM
MD
LG