Пайвандҳои дастрасӣ

Ба 20 соли зиндон табдил шудани ҳукми қатл


Додгоҳи таҷдиди назар дар Афғонистон ҳукми қатли хабарнигори ҷавони афғон Саид Парвизи Комбахшро, ки дар иҳонат ба паёмбари Ислом муҷрим шинохта шудааст, ба 20 соли зиндон иваз кард. Комбахши 24-соларо моҳи январ додгоҳи шаҳри Мазори шариф ба қатл маҳкум карда буд.

Комбахш ба он муттаҳам мешуд, ки аз як сайти эронӣ дар Интернет матлаберо, ки дар он гуфта мешуд, паёмбари Ислом ҳуқуқи занро сарфи назар мекард, чоп карда, дар байни дӯстонаш паҳн кардааст.

Боздошт ва маҳкум ба эъдом шудани Саид Парвизи Комбахшро кишварҳои Ғарб, матбуот ва гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Афғонистон маҳкум карданд.

Як намояндаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” 20 сол ҳукми зиндони Саид Парвизи Комбахшро хабаре таккондиҳанда номид.



XS
SM
MD
LG