Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии кайҳонии Ҳинд имрӯз ба Моҳ парвоз мекунад


Ҳиндустон имрӯз нахустин киштии кайҳонии бидуни сарнишинашро ба сафари Моҳ мефиристад. Қарор аст, киштии худкори “Чандраян 1” аз як пойгоҳи кайҳонии Ҳинд дар аёлати ҷанубии Андҳра Прадеш парвоз кунад.

Ин киштӣ дар тӯли ду сол дар мадори Моҳ парвоз карда, дар бораи ин радифи Замин маълумот ҷамъ хоҳад овард.

Ҳиндустон мехоҳад мақомаш дар миёни қудратҳои кайҳонии Осиёро мустаҳкам кунад ва аз ин рӯ, парвози киштиаш ба Моҳ як қадами бузург барои ин кишвар арзёбӣ мешавад.


Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG