Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз пайомадҳои ногувор дар Ироқ ҳушдор дод


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, нокомии Амрикову Ироқ дар амри даст ёфтан ба тавофуқ бар сари паймони амниятие, ки шароити ҳузури минбаъдаи нирӯҳои Амрико дар Ироқро муқаррар мекунад, метавонад пайомадҳои ногувореро ба дунбол дошта бошад.

Гейтс ба хабарнигорон гуфт, агар ин созишнома тасвиб нашавад, нирӯҳои Амрико маҷбур хоҳанд шуд, амалиётҳои худ дар Ироқро қатъ кунанд.

Тарҳи ин қарордод ба мухолифати раҳбарони сиёсии Ироқ дучор шуда, бархе гурӯҳҳои ироқӣ бозбинии тарҳи ин паймони амниятиро тақозо кардаанд. Нирӯҳои Амрико дар Ироқ феълан таҳти ваколати СММ фаъолият мекунанд, вале ин ваколат рӯзи 31 декабр ба поён мерасад.


XS
SM
MD
LG