Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист соли зиндон ба рӯзноманигори афғон


Парвизи Комбахш ҳангоми шунидани ҳукми додгоҳ, 21 октябри соли 2008
Парвизи Комбахш ҳангоми шунидани ҳукми додгоҳ, 21 октябри соли 2008

Ҳукми қатли рӯзноманигор ва донишҷӯи афғон Парвизи Комбахш, ки ба таҳқири ислом айбдор мешавад, ба 20 соли ҳабс иваз шуд.

Додвар Абдулсалом, раиси ҳайати додварони ин ҳукми додгоҳро дар поёни мурофиа дар Кобул эълон кард. Вай Абдулсалом гуфт, ин тасмими додгоҳи истинофӣ метавонад дар Додгоҳи Олии Афғонистон мавриди баррасӣ ва бознигарӣ қарор бигирад.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиейтед Пресс, Парвиз Комбахш дар ҳоле, ки толори мурофиаро тарк мекард, бори дигар эътироз кард ва гуфт, вай ин тасмими додгоҳро эътироф нахоҳад кард.

Комбахш донишҷӯи соли савуми Донишгоҳи шаҳри Мазори Шариф моҳи октябри соли 2007 ба ҷурми иҳонат ба ислом боздошт ва аз сӯи додгоҳи вилояти Балх маҳкум ба қатл шуд. Ҳамон вақт низ Комбахш ин иттиҳомотро қотеъона рад кард ва ин ҳукми додгоҳ ҳам дар дохил ва дар хориҷ аз Афғонистон вокунишҳои манфӣ ба бор овард.

Баъд аз ҳукми кунунӣ ҳуқуқдон Ҷон Демпсӣ, мушовири низоми додгоҳии Афғонистон, ки ҷараёни расидагӣ ба парвандаи Комбахшро думбол мекард, гуфт, ки ҳукми додгоҳи истинофӣ низ одилона нест ва асоси воқеъӣ надорад. Ба гуфтаи вай, Комбахш бештар аз мӯҳлате, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, нигаҳдорӣ мешуд ва вакили мудофеъи вай натавонистааст, то як рӯзи пеш аз оғози мурофиа бо вай мулоқот кунад.

Баъд аз он ки Комбахш дар моҳи январи соли ҷорӣ ба эъдом маҳкум шуд, рӯҳониён аз ҳукми додгоҳ истиқбол карданд, вале дар шаҳрҳои Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Рӯзноманигорони Бидуни Марз аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, хостанд, ки ба ин парванда мудохила кунад ва набояд як рӯзноманигор барои озодии баён равонаи зиндон ва ё ба қатл маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG