Пайвандҳои дастрасӣ

IMF ва дурнамои иқтисод


Дар гузориши Сандуқи байнулмилалии пул, ки роҷеъ ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст, гуфта мешавад, дар кишварҳои минтақа дар 9 соли ахир рушди иқтисодӣ мушоҳида шудааст.

Бисёре аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саъудиву Озарбойҷон, Эрону Ироқ, Қазоқистону Туркманистон, Кувайт ва ғайра дар соли 2008 аз ҳисоби фурӯши нафт рушди иқтисодии худро таъмин кардаанд. Тоҷикистон ба ин гурӯҳи кишварҳои тавлидкунандаи нафт шомил намешавад. Вале даромади нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2008 дар гузориши СБП ҳудуди 6 дарсад нишон дода шудааст. Дар ин гузориш даромади нохолиси миллии Тоҷикистон барои соли 2009 тақрибан 7 дарсад пешбинӣ мешавад, яъне ин нишондод нисбат ба соли ҷорӣ як дарсад боло хоҳад рафт.

Муҳоҷирон солона бештар аз якуним миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Вале иқтисоддонон мегӯянд, маблағҳои фиристодаи онҳо наметавонад дар кишварашон сарчашмаи рушди иқтисод бошад. Рустам Бобоҷонов-иқтисоддони мустақил:

"Маблағҳое, ки аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, асоси тараққиёти ҷумҳурӣ шуда наметавонад. Бисёрии ин маблағҳо барои тараққиёти ҷумҳурӣ ва пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ сарф карда намешавад. Он фақат барои хириду фурӯши маҳсулоте сарф мешавад, ки худи ҷумҳурӣ намебарорад. Онҳо барои харидории хурокиву пушокӣ сарф мешаванд ва ба ҳамин тартиб боз аз ҷумҳурӣ баромада мераванд. Як муддати кӯтоҳ барои ҳифзи иҷтимоъӣ кумак мекунад, вале сарчашмаи тараққиёти ҷумҳурӣ нест".

Масъуд Собиров-мудири яке аз бахшҳои пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон низ нуқтаи назари Бобоҷоновро таъйид мекунад. Вай мегӯяд, гарчӣ ин маблағҳо наметавонад сарчашмаи рушди иқтисоди Тоҷикистон бошад, вале барои боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯмак мекунад. Оқои Собиров интизор надорад, ки барномаҳои ҳукумати кунунӣ тавони раҳоӣ аз буҳрони иқтисодиро дошта бошад:

"Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз аз худ дарак надодааст ва фикр намекунам, ки ягон беҳбудие дар бахши иқтисоди Тоҷикистон ба даст ояд, чунки ҳукумат тавони қабули пешниҳодҳои солимро надорад. Ҳукумат ҳамон вақт солим дониста мешавад, ки истеҳсолоти худро ба роҳ монад. Ягона бурди иқтисодӣ таъсиси корхонаҳои санъатӣ мебошад. Шояд корхонаҳои бузург ҳам даркор нест, корхонаҳои бузургро гирифтанду хусусӣ карданду хонасозӣ карданду баъзе дороиашро фурӯхтанд".

Дар гузориши СБП Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дуввум шомил шудааст, ба гурӯҳе, ки даромади камтар доранд. Даромади ин гурӯҳи кишварҳо дар соли 2008 ба ҳисоби миёна 7 дарсадро ташкил додааст. Ба мизони даромади онҳо боло рафтани нархи маводи ғазоӣ ва сӯхт асари манфӣ гузоштааст.

Дар гузориш омадааст, дар Афғонистон хушксолӣ имкон надодааст, ки ҳосили хуби зироат ба даст ояд. Ҳамин гуна, камбуди барқ дар Тоҷикистон дар зимистони гузашта рушди иқтисодии ин кишварро заъиф кардааст.

Таҳлилгарон алюминиюм ва пахтаро сарчашмаи аслии даромади Тоҷикистон медонанд. Фурӯши барқ низ манбаъи дигари даромад дониста мешавад.

Кишварҳои дигари минтақа низ душвориҳои худро доштаанд, бо вуҷуди ин мисли солҳои пешин рушди иқтисод дар ин кишварҳо низ мушоҳида шудааст. Тибқи гузориши Сандуқи байнулмилалии пул, рушди иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна дар ҳоле мушоҳида шудааст, ки дар соли 2008 рушди иқтисод дар саросари ҷаҳон кундтар шудааст, яъне рушди сартосарӣ, ки дар соли 2007 - 5 дарсадро ташкил додааст, соли 2008 поинтар рафтааст ва ба 3 дарсад расидааст. Дар ин гузориш сабаби чунин поинравӣ бӯҳрони молии Амрико дониста мешавад.

СБП пешгуӣ мекунад, ки ин бӯҳрони молӣ то поёни соли ҷорӣ боқӣ хоҳад монд ва бештари соли 2009-ро низ фаро хоҳад гирифт. Дар соли 2009 ба субот даровардани нархи колоҳо идома хоҳад кард ва муассисоти молии ҷаҳон ҳамчунон ба ҳалли мушкилиҳои молӣ машғул хоҳанд буд, то нигарониҳо аз миён равад. Дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пайомадҳои бӯҳрони молии ҷаҳон, аз ҷумла, таварруми бештари пул мушоҳида хоҳад шуд, нархи хӯрокӣ ва нафт дубора боло хоҳад рафт. Вале дар муқобили он коҳиши нархи колоҳо ин фишори молиро то андозае ҷуброн хоҳад кард.

Сандуқи байнулмилалии пул бо назардошти ин падидаҳо барои кишварҳои минтақа ду масъалаи муҳимро пешгуӣ мекунад, ки ба афзоиши шумораи бекорон иртибот дорад. Яке, хатари таварруми пул ё беарзиш шудани пул ва дигарӣ, тавоноии молии кишварҳо барои эмин мондан аз марҳалаи дуввуми таваррум аст. Дар чунин марҳала кишварҳо то ҳадди имкон бояд аз боло бурдани қобили мулоҳизаи дастмузд худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG