Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташаббуси Русия дар Қарабоғӣ Кӯҳӣ


Русия мехоҳад аз нав дар байни Арманистону Озарбойҷон миёнаравӣ кунад.

Ҳангоми сӯҳбат дар Ереван президенти Русия Дмитрий Медведев гуфт, кишавараш мехоҳад мизбони музокироти сулҳи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ миёни раҳбарони Арманистону Озарбойҷон бошад.

Дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Арманистон Серж Саркисян Медведев изҳори умед кард, ки чунин музокирот ба ҳамин зудиҳо ташкил хоҳад шуд.

Вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ, ки дар қаламрави Озарбойҷон аст, сар аз солҳои навадуми асри гузашта таҳти тасарруфи ҷудоихоҳони арманӣ қарор дорад. Дар бархӯрдҳои мусаллаҳонаи миёни тарафҳо ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ташаббуси Медведев замоне матраҳ мешавад, ки Туркияву Арманистон барои тавсеаи нуфузашон дар Арманистон талош доранд.
XS
SM
MD
LG