Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 байни дастаи мизбон – «Хуҷанд» ва «Энергетик»-и Душанбе 22-юми октябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Ин дидор соати 14 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, дар даврҳои қаблии Ҷоми Тоҷикистон «Хуҷанд» бар дастаҳои «Динамо»-и Душанбе (0:0, 1:1), «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (2:1, 0:1), барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2007, ва ССКА «Помир»-и Душанбе (2:0, 0:0) пирӯз гардида, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтааст.

«Энергетик» бошад, то финали Ҷоми кишвар бар дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе (1:0, 5:3), «Вахш»-и Қӯрғонтеппа (4:1, 2:1) ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода (0:2, 3:1) ғалаба кардааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, мегӯяд, дар айни ҳол ҳарду даста баробарқувваанд, вале «Хуҷанд», ки дар майдони худ бозӣ мекунад, барои ғолиб шудан имкони хубтар дорад.

Ба андешаи Зоир Бобоев, мураббии маъруфи футболи тоҷик, барои дарёфти Ҷоми кишвар шонси ҳарду даста 50 бар 50 мебошад. Бинобар ин, мегӯяд ӯ, замони асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом мерасад ва ғолиб аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи «Хуҷанд» ду бор (солҳои 1998 ва 2002) барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Бозигарони Хуҷанд барои севумин бор ба даст овардани Ҷоми кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Уроз Турақулов талош хоҳанд кард. Вале дастаи «Энергетик» бо сарварии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов барои аввалин бор ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

БАРАНДАГОНИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

Сол

Даста

1992

«Помир» (Душанбе)

1993

«Ситора» (Душанбе)

1994

«Равшан» (Кӯлоб)

1995

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

1996/1997

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1997/1998

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1998

«Варзоб» (Душанбе)

1999

«Варзоб» (Душанбе)

2000/2001

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2001/2002

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2002

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2003

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2004

«Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров)

2005

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2006

«Регар» ТадАЗ (Турсунзода)

2007

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

2008

???

XS
SM
MD
LG