Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси байнулмилалии дурӯза таҳти унвони «Идораи марз ва қочоқи маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ» дар Душанбе оғоз ба кор кард.

Ин конфронс бо ибтикори Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Идораи СММ оид ба муқобала бо маводди мухаддир (UNODC) баргузор шуд, ки дар кори он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат ва суханронӣ кард. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон зимни арзёбии вазъи марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон онро сангинтарин қисмати кори нерӯҳои марзбонии кишвараш унвон карда ва иқдомоти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро нокофӣ хонд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин конфронс таъкид кард, ки ҳеҷ кишвар дар танҳоӣ наметавонад таҳдидоти ношӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бартараф кунад. Ва Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҳамҷавор бо Афғонистон - манбаъ ва содиркунандаи маводди мухаддир дар ин роҳ аз ҳама имконоти худ истифода мекунад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан кишварҳои масрафкунандаи асосии ин мавод, ки умдатан аврупоианд, дар ин самт бояд кӯмакҳои бештар ироа кунанд.

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз тасмими ба доираи салоҳиятҳои Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба сулҳи Афғонистон изофа кардани мубориза бо маводди мухаддир ҷонибдорӣ карда, дар роҳи маҳви кишти хашхош истифода кардан аз нерӯи ҳавоиро як гоми мусбат арзёбӣ кард.

Аммо оқои Раҳмон таъкид кард, ки роҳи умда ва асосие, ки метавонад тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистонро коҳиш ва ниҳоят ба нестӣ бирасонад, ҷалби мардуми Афғонистон ба парвариши зироатҳои дигар ва таъсиси нави ҷойҳои корӣ мебошад. Оқои Раҳмон ҳарчи зудтар сохтани нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум дар фарози рӯдхонаи Панҷро, ки аз захоири оби он миллионҳо ҳектор замин дар Афғонистон обшор мешавад, ба унвони яке аз роҳҳои алтернативии коҳиши истеҳсоли маводи мухаддир пешниҳод кард.

Ҳамзамон бо ин раисиҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, Тоҷикистон ба унвони як сипар дар баробари таҳдидҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қарор гирифтааст, ки тиҷорати маводди мухаддир яке аз манобеъи молии ин таҳдидҳо мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кӯмакҳои кишварҳо барои ҳифз ва назорати марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, ки наздик ба якуним ҳазор километр имтидод дорад, дар он сурат муфид хоҳад буд, ки вазъи марзбонон ва шароити зиндагии онҳо бо меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ карда шавад.

Оқои Раҳмон афзуд, ки дар ҳоли ҳозир бархе аз дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ҳанӯз дар солҳои сиюми асри пешин бунёд шудаанд, ки ба навсозӣ ниёз доранд. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз адами ҳамоҳангӣ миёни шарикони кӯмакрасони байнулмилалӣ ва истифодабарандагони ин кӯмакҳо изҳори нигаронӣ карда, аз як ширкати афғонӣ ном бурд, ки бо истифода аз сармояи созмон ва кишварҳои ёригар тармим ва навсозии дидбон ва посгоҳҳои марзиро ба таври дуруст анҷом надодааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Довуди Довуд, муъовини вазири умури дохилаи Афғонистон, аз ширкатдорони ин нишаст гуфт, ки ин ширкати афғонӣ муассисаи мустақил аст, ки мустақим бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ мекунад ва Афғонистон масъулияти назорати фаъолияти онро надорад. Аммо оқои Довуд гуфт, баргузории ин нишасти байнулмилалӣ аз он ҷиҳат муфид аст, ки бар зарурати ҳамкории минтақаӣ таъкид мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфт, ки давоми нӯҳ соли ахир ниҳодҳои ин кишвар ҳудуди 60 тонна маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд, ки аз ин миқдор 28 тоннаи онро ҳероин ташкил медиҳад. Дар ин муддат фаъолияти 240 гурӯҳҳои машғул, аз ҷумла даҳҳо гурӯҳҳои алоқаманд бо гурӯҳҳои ҷиноии байнулмилалӣ, ошкор ва хунсо карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG