Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон: Тоҷикистон сипар дар муқобили таҳдидҳост


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар як нишасти байналмилалӣ бахшида ба таҳкими назорати марзҳо ва мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки маводи мухаддир мисли терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм бадбахтии глобалӣ мебошад ва мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонист."

Ба қавли раисҷумҳури Тоҷикистон ин кишвар ба унвони як сипар дар баробари таҳдидҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризм ва экстремизм қарор гирифтааст,ки тиҷорати маводи мухаддир яке аз манобеи молии ин таҳдидҳо мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки кӯмакҳои кишварҳо барои ҳифз ва назорати марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, ки наздик ба якуним ҳазор километр имтидод дорад дар он сурат муфид хоҳад буд,ки вазъи марзбонон ва шароити зиндагии онҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад. Президенти Тоҷикистон афзуд, ки дар ҳоли ҳозир бархе аз дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ҳанӯз дар солҳои сиюми асри пешин бунёд шуда, ба таъмиру тармим ниёз доранд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз адами ҳамоҳангӣ миёни шарикони кӯмакрасони байналмилалӣ ва истифодабарандагони ин кӯмакҳо изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG