Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ироқ лоиҳаи созиш бо ИМА-ро баҳс мекунад


Имрӯз ҳукумати Ироқ барои баррасии лоиҳаи баҳсбарангези созиш бо Вашингтон ҷамъ шуд. Санади мазкур бояд сарнавишти нерӯҳои ИМА дар Ироқ баъд аз анҷоми соли 2008-умро муайян намояд. Моҳи декабр ваколати СММ хотима меёбад, вале нерӯҳои ИМА тасмим доранд, то муддате дар Ироқ боқӣ монанд. Тибқи гузоришҳои расида созиши нав имкон медиҳад, ки Ироқ сарбозон ва афроди мулкии ИМА-ро ба хотири ҷиноятҳои дар хориҷ аз пойгоҳ ва берун аз ифои вазифа содир намудаашон, ба ҷавобгарӣ кашад.

Тафсилоти ин созиш ошкор нашудааст, вале тӯли ду рӯзи ахир раҳбарони ироқӣ бандҳои онро мавриди арзёбии дақиқ қарор додаанд. Агар ҳукумат лоиҳаи созишро тасдиқ кунад, он барои тасвиб ба 275 узви Маҷлиси қонунгузори Ироқ фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG