Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба аёдати модаркалонаш меравад


Раҳбарони маъракаи интихоботии довталаби курсии президенти ИМА аз ҳизби демократ Барак Обама мегӯянд, ки ҳафтаи равон Обама тарғиботро мутаваққиф намуда, ба хотири аёдати модаркалонаш ба аёлати Ҳавай сафар мекунад.

Сухангӯи Обама изҳор намуд, модаркалони 85 сола, ки ҳамроҳ бо модари ин довталаби раёсатҷумҳурӣ дар тарбияи Барак Обама саҳми бузург дорад, шадидан бемор мебошад. Тафсилоти бештар дастрас нашудааст.

Ба қавли сухангӯи Обама номбурда, рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъаро дар назди модаркалонаш мегузаронаду рӯзи шанбе маъракаи интихоботиро аз сар мегирад.

Рӯзи душанбе, вақте дар Флорида овоздиҳии пешакии интихоботи 4-уми ноябр оғоз ёфт, Обама аз ин аёлат зиёрат намуд.

Рӯзи душанбе рақиби Обама: Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ эътироф кард, ки тибқи назархоҳиҳо феълан Обама пешдастӣ дорад, вале Маккейн мутмаин будааст, ки ӯ вазъро тағйир дода, Обамаро мағлуб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG