Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷашнвораи синамо дар Иссиқкӯл


Дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии синамогарон ифтитоҳ ёфт, ки гуфта мешавад, ба 80-умин солгарди нависандаи барҷастаи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида шудааст.

Ба гуфтаи дастандаркорони ин ҷашнвора дар радифи синамогарони кишварҳои узви СҲШ, ҳамчунин филмҳои коргардонҳои маъруф ва чеҳраҳои намоёни синамои ҷаҳонӣ аз қораи Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ҳабибулло Фозилов, мудири Департаменти назди вазорати фарҳанг ва иттилоъоти Қирғизистон дар умури синамогарӣ, мегӯяд, ки маросимҳои асосии ҷашнвора, ки то 26 октябри соли равон давом хоҳад кард, дар толори «Чулпон», воқеъ дар шаҳри Чулпонотаи вилояти Иссиқкӯл сурат хоҳад гирифт.

Вай афзуд, ҷашнвораи синаморо намоиши филми ҳунарии «Алвидоъ, Гулсарӣ» ифтитоҳ хоҳад кард, ки коргардони қазоқ Ардақ Амирқулов ба навор бардоштааст ва ин филм дар фестивали синамои Авруосиёи Остона-2008 соҳиби ҷоизаи «Гран-при» гаштааст. Дар ҷашнвораи байнулмилалии синамои Иссиқкӯл се коргардони тоҷик низ филмҳои худро пешниҳод кардаанд.

Марк Дакаскос, яке аз ҳунармандони синамои Амрико, ки гуфта мешавад, аз ҳунармандони Ҳолливуд мебошад, зимни як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки роҷеъ ба Қирғизистон иттилоъи казоӣ надошт ва барои нахустин бор аз ин кишвар боздид мекунад. Ин ҳунарманди амрикоӣ тазаккур дод, ки мардуми Ғарб дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъи кам дорад.

Ба гуфтаи Марк Дакаскос, вай бо як гурӯҳи синамогарон лоиҳаеро таҳти иҷро қарор хоҳад дод, ки ба навор бардоштани ҳаёти мардуми қирғизро мадди назар гирифтааст. Вай афзуд, ки ба ин васила Қирғизистонро ба амрикоиҳо муаррифӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи масъулони ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии синамо, коргардони маъруфи Чех Милан Сизлер аз меҳмонҳои ин ҷашнвора аст, ки раёсати гурӯҳи доварони филмҳои ҳунариро бар ӯҳда дорад. Гуфта мешавад, ки ин ҳунарманди чехӣ борҳо ҷоизаи Оскарро ба даст овардааст. Аммо раёсати гурӯҳи доварони филмҳои кӯтоҳи ин ҷашнвора ба зимаи коргардони қазоқ, ҳунарманди мардумии Қазоқистон Ҷалил Соданбек вогузорӣ шудааст.

Масъулони ин ҷашнвора мегӯянд, ки ба он 131 филмҳои мухталиф аз 16 кишвари ҷаҳон пешниҳод шуданд. Мизбонони ин ҷашнвораи Иссиқкӯл чаҳор филм, аз ҷумла филмҳои муштараки коргардонҳои Қирғизистону Фаронса «Худо» ва «Таронаҳои дарёҳои Ҷануб»-ро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.

XS
SM
MD
LG