Пайвандҳои дастрасӣ

IMF рушди иқтисоди Осиёи Марказиро пешбинӣ мекунад


Normal 0

Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши наваш мегӯяд, кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ имсол ва ҳам соли оянда ғолибан шоҳиди рушди қавии иқтисодӣ хоҳанд шуд. Бино бар ин гузориш, кишварҳои ин қаламрав асароти бӯҳрони саросарии молӣ ва пасрафтеро, ки дар иқтисодҳои дар ҳоли рушд мушоҳида шуд, сабуктар пушти сар кардаанд.

Ба ҳисоби Сандуқи байналмилалии пул, мизони рушди иқтисодӣ дар ин манотиқ имсол 6,5 дарсад ва соли оянда 6 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки аз мизони миёнаи рушди иқтисоди ҷаҳон болотар аст.

Аммо ин созмон мизони фазояндаи таваррумро, ки имсол интизор меравад, то 15 фоиз биафзояд, як чолиши аслӣ барои иқтисоди кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ хондааст.


XS
SM
MD
LG