Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Тимошенко аз сӯи аҳзоби дигар радд шуд


Normal 0

Сарвазири Украина Юлия Тимошенко қаблан аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ даъват кард, аз рафтан ба интихобот сарфи назар кунанд, чунки, ба гуфтаи ӯ, барои интихобот пул нест.

Тимошенко дирӯз ҳушдор дод, ки иқтисоди Украина вориди марҳалаи рукуд мешавад. Асароти бӯҳрони саросарии молӣ барои Украина хеле ногувор омад ва Киев талош дорад, ба хотири рафъи авоқиби бӯҳрон аз Сандуқи байналмилалии пул 15 миллиард доллар қарз дарёфт кунад.

Сарвазири Украина аз аҳзоби сиёсӣ даъват карда буд, алайҳи бӯҳрон аз як гиребон сар бароварда, аз рафтан ба интихобот сарфи назар кунанд. Аммо тарафдорони президент Юшенко ва умдатарин ташаккули мухолифин - Ҳизби манотиқи сарвазири собиқ Виктор Янукович ин даъвати ӯро напазируфтанд.


XS
SM
MD
LG