Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзохӯҷа Аҳмадов ва тобеъинаш афв шудаанд


Normal 0 Дирӯз вазири умури дохилаи Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, раҳбари пешини шӯъбаи феълан парокандашудаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар водии Рашт ва зердастони ӯ мавриди афв қарор гирифтаанд ва касе аз онҳо дигар таъқиб намешавад. Оқои Солеҳов гуфт, ин тасмими афв аз ҷониби раисиҷумҳур ба манзури таъмини субот ва амният иттихоз шудааст ва сарҳанг Аҳмадов бо тобеъинаш дар пайи ин дастури афв силоҳҳои худро ба давлат таслим карда, ба ҳаёти мулкӣ гузаштаанд.
Олег Захарченко моҳи феврал дар ҷараёни як задухӯрд миёни маъмурони эъзомии ОМОН ва тобеъини Мирзохӯҷа Аҳмадов дар шаҳраки Ғарм кушта шуд.
XS
SM
MD
LG