Пайвандҳои дастрасӣ

Ричард Баучер Покистонро ситоиш кард


Normal 0

Як мақоми олирутбаи амрикоӣ юриши нерӯҳои покистонӣ ба зидди ҷангҷӯёнро ситоиш кард, ки дар ҷараёни он юриш бештар аз 1000 нафари ҷангҷӯ маҳв шудааст. Ричард Баучер - муовини вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз дар шаҳри Исломобод ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз он хушнуд аст, ки Покистон ба зидди афроде, ки “нияти ягонаашон хароб кардани ҷомеа ва кишвари Покистон аст”, иқдомоти ҷиддии низомӣ меандешад. Нерӯҳои Покистонӣ аз моҳи август инҷониб дар шимолуғарби ин кишвар бо тундравон меҷанганд.

XS
SM
MD
LG