Пайвандҳои дастрасӣ

Пешомади тираи иқтисоди Укроин


Normal 0

Нахуствазири Укроин Юлия Тимошенко имрӯз ҳушдор дод, ки кишвараш дар роҳ ба сӯи рукуди иқтисодист. Укроин, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сахт зарба хӯрдааст, талош дорад, то барои дармони иқтисодаш аз Сандуқи Байналмилалии Пул 15 миллиард доллар қарз бигирад. Юлия Тимошенко, ки барои боқӣ мондан дар мақоми нахуствазир низ саъй дорад, рӯзи якшанбе аз тамоми аҳзоби сиёсии кишвараш хост, дар ин марҳилаи бӯҳронӣ муттаҳид шаванд ва аз баргузор кардани интихоботи зудрас даст кашанд. Аммо ҳизби бузурги мухолифи порлумон, Ҳизби Манотиқ ва тарафдорони раиси ҷумҳур Виктор Юшченко аз мулоқот бо хонум Тимошенко ва баррасии пешниҳоди ӯ сарпечӣ карданд.

XS
SM
MD
LG