Пайвандҳои дастрасӣ

Як хонуми бритониёӣро дар Кобул куштанд


Ду марди мусаллаҳи мотосиклсавор имрӯз як зани бритониёӣ ва корманди муассисаи хайрияро дар шаҳри Кобул куштаанд. Вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфт, хонум Гейлӣ Вилям маъмури созмони ғайриҳукуматии мазҳабии “Хидмат ба Афғонистон” будааст. Ин муассисаи хайрия барои рушди маҳалҳо, таҳсил ва омӯзиши ҳунар ба маъюбон дар Афғонистон фаъолият мекардааст. Ҷангҷӯёни Толиб масъулияти қатли Гейлӣ Вилямсро бар дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки ӯро барои ваъзҳои дини насронӣ ба мардум куштаанд.

XS
SM
MD
LG