Пайвандҳои дастрасӣ

Бразил – барандаи Ҷоми футзали ҷаҳон-2008


Дастаи мунтахаби футзали Бразил қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2008 гардид.

Бразилиҳо дар бозии ниҳоӣ бо тими Испониё рӯ ба рӯ шуданд. Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовии 2:2 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи пенолти дастаи Бразил бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Дастаи Итолиё, ки тими Русияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт, ҷои севумро касб кард.

Сабқати ниҳоии Ҷоми футзали ҷаҳон-2008 бо ширкати 20 даста дар Бразил аз 30-юми сентябр то 19-уми октябр доир гардид. Қораи Осиёро 4 дастаи мунтахаб – Эрон, Чин, Ҷопон ва Тайланд намояндагӣ карданд. Аз собиқ кишварҳои Шӯравӣ ду даста – Русия ва Укроин ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG