Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори корманди пулис дар Душанбе


Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов гуфт, корманди пулис, посбони яке аз дафтарҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе Одина Давлатов амдан кушта шудааст.

Ахиран, корманди Шӯъбаи хадамоти давлатии посбонӣ Одина Давлатов, ки яке аз дафтарҳои «Ориёнбонк» дар шаҳри Душанберо ҳифозат мекард, аз таппончаи худ парронида шуд.

Мақомот мегӯянд, қотил ба даруни бино даромада, таппончаро аз дасти корманди пулис мегирад ва бо он ба пешонии пулис тир холӣ мекунад. Пулис дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад.


Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ба эҳтимоли том ин куштор на ба хотири ғорат рух додааст, чун аз дафтари «Ориёнбонк» чизе ғайб назадааст. Аз ҷумлаи фарзияҳо куштор ба сабаби муносибати бади шахсӣ мебошад.

Барои тафтиши қазия як гурӯҳи зудамали тафтишотӣ зери раҳбарии муовини вазири дохила Шариф Назаров таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG