Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози хуб дар бозорҳои молии Аврупо


Normal 0

Иқдомоти тозаи кишварҳои ҷаҳон барои эҳёи эътимод ба низоми молӣ иштиҳои сармоягузоронро афзоиш дода ва сабаби афзудани қиматҳо дар бозорҳои молии Осиё ва Аврупо шуд. Имрӯз Шветсия низ эълом кард, ки дар сурати зарурат барои наҷоти муассисаҳои молии кишвар 205 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Рӯзи якшанбе ҳукумати Ҳолланд низ гуфт, ҷиҳати кӯмак ба яке аз бонкҳои азимтарини дунё Ай Эн Ҷи (ING) дар ихтиёри ин бонк тақрибан сенздаҳуним миллиард доллар мегузорад. Ва дар ин миён ҳукумати Чин эълом кард, ки суръати рушди иқтисоди кишвар дар семоҳаи ахири соли равон то 9 дар сад коҳиш ёфтааст, чизе ки аз соли 2005 то кунун мушоҳида нашуда буд.

XS
SM
MD
LG