Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири норӯшани гаравгонҳои Толибон


Нирӯҳои амниятӣ дар вилояти Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, ба талошҳои худ ҷиҳати пайдо кардани мусофирони автобусе, ки ҳадафи ҳамлаи ҷангиёни толиб қарор гирифтааст, идома медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, чирикиҳои толиб ҳанӯз рӯзи 15 октябр ду автобуси мусофирбарро, ки тоза аз Кобул ба минтақа расида буд, дар улусволии Майванд, дар ҷануби вилояти Қандаҳор, дар масири Кобул -Қандаҳор ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ҷангиён аз як автобус, ки ҳудуди 50 мусофир дошт, 10 танро раҳо карда ва 40 мусофири дигарро бо худ мебаранд. Автобуси дуввум низ ҳадафи тирандозии ҷангиёни толиб қарор гирифта, дар натиҷа як нафар кушта шуда ва як кӯдак ҷароҳат мебардорад. Аммо ба гуфтаи мақомот, ронандаи ин автобус тавонистааст аз чанги чирикиҳои толиб фирор кунад ва мусофирони дигарро наҷот диҳад.

Бо ин ҳол, дар бораи сарнавишти гаравгонҳое, ки ба асорати Толибон уфтоданд, хабарҳои зиддунақиз ба даст мерасанд. Мутеъуллоҳ Қотеъ, фармондеҳи нирӯҳои амниятӣ дар вилояти Қандаҳор мегӯяд, Толибон гаравгонҳоро ду тақсим карда, 20 нафарро ба маҳалли Қалъаи Шомил ва 20 тани дигарро ба минтақаи Банди Темур интиқол додаанд. Малпосвол, ё худ генерал, Қотеъ мегӯяд, нирӯҳои пулис аз рӯзи шанбе ба ин сӯ ҷасади 6 гаравгонро пайдо кардаанд.

Генерал Қотеъ, фармондеҳи нирӯҳои амниятии Қандаҳор, эҳтимоли кушта шудани шумори бештаре аз гаравгонҳоро сарфи назар намекунад. Ин дар ҳолест, ки Толибон гуфтаанд, ки онҳо 27 мусофири ин автобусро, ки ба бовари онҳо, сарбозони Урдуи миллии Афғонистон будаанд, қатл кардаанд.

Сухангӯи Толибон Қорӣ Юсуф гуфтааст, ки чирикиҳои толиб 2 автобуси навъи 330-ро манъ карда, дар пайи задухӯрд 27 нафарро бо худ бурдаанд ва ҳамагиро қатл карда, аҷсоди онҳоро дар тӯли шоҳроҳи Кобул –Қандаҳор партофтаанд. Қорӣ Юсуф гуфт, ҳамаи эъдомшудагон аз вилояти Лағмон ва мансубини Урдуи миллӣ буданд, ки бо либоси ғайринизомӣ сафар мекарданд.

Сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон генерал Зоҳир Азимӣ аммо иддаои Толибонро дар бораи вуҷуди сарбозони урду дар байни мусофирони ин автобус такзиб кард.

Генерал Азимӣ низ кашф шудани шаш ҷасади сарбуридаро тасдиқ кард, вале гуфт, касе аз кушташудагон низомӣ набуд. Сухангӯи артиши Афғонистон гуфт, Урдуи миллӣ сарбозонашро одатан аз тариқи ҳавопаймоҳо интиқол медиҳад ва дар амри ҳамлу нақли асокир маъмулан аз автобусҳои мусофирбар истифода намебарад.

Зоҳир Азимӣ афзуд, онҳо нигарони сарнавишти боқии гаравгонҳоеянд, ки дар дасти Толибон боқӣ мемонанд. Мардуми маҳал низ таъйид кардаанд, ки Толибон шуморе аз гаравгонҳоро сар буридаанд. Онҳо дар бораи бо ин шева қатл шудани дасти кам 20 гаравгон хабар додаанд.

Бо ин ҳол, бар асоси як хабари дигар, мақомоти амниятӣ дар вилояти Қандаҳор мегӯянд, 4 фармондеҳи шинохтаи Толибонро дар ин минтақа дастгир кардаанд. Генерал Мутеъуллоҳ Қотеъ, раҳбари нирӯҳои амниятӣ дар вилояти Қандаҳор гуфт, ин 4 фармондеҳ дар натиҷаи амалиёти амниятӣ дар нуқоти мухталифи Қандаҳор боздошт шудаанд. Қандаҳор ва ҳамин тавр, боқии вилоёти ҷануби Афғонистон, ба як майдони аслии набарди чирикиҳои Толибон бо нирӯҳои эътилофӣ ва давлати Афғонистон табдил ёфта, ба ҳамалоту хушунатҳои рӯзафзун рӯбарӯ шудааст.

Ахиран, раҳбарони кунунии Афғонистон ҳатто маҷбур шуданд, бо намояндагони Толибон дар Арабистони Саудӣ паси мизи музокироти ғайрирасмӣ бинишинанд. Зарурати гуфтугӯ бо Толибон ба хотири хатми хушунатҳои фазоянда дар Афғонистонро ҳатто мақомоти аршади амрикоӣ, аз ҷумлаи вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ҳам таъкид мекунанд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ахиран иқрор кард, ки ӯ ҳатто ба раҳбари Толибон Мулло Умар, нафаре, ки Амрико дар баҳои сараш 25 миллион доллар ваъдаи ҷоиза супурдааст, пешниҳод карда, ки ба ватан баргардад ва ба ҷараёни сулҳу оштие, ки Кобул ба роҳ андохтааст, бипайвандад.

XS
SM
MD
LG