Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қиматҳо дар бозорҳои Осиё ва Уқёнусия


Субҳи имрӯз барои бозорҳои молии қораи Осиёву Уқёнусия бо болоравии қиматҳо оғоз ёфт. Талошҳои давомдори давлатҳои ҷаҳон ба хотири барқарор кардани эътимод ба низомҳои молӣ далели аслии чунин болоравӣ ном бурда мешавад. Қиматҳо дар бозори Ҷопон наздики 1 фоиз ва дар Австралия беш аз 2 дарсад афзоиш ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Кореяи ҷанубӣ гуфт, барои оддӣ сохтани вазъ дар низоми бонкиаш 130 миллиард доллар ҷудо мекунад ва давлати Ҳолланд эълом кард, ки ба гурӯҳи бонкии ИНГ, яке аз 20 бонки бузургтариин дунё, 10 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Давлатҳои ҷаҳон то кунун барои рафъи авоқиби бӯҳрони молӣ беш аз 3 триллиону 200 миллиард доллар сармоя ҷудо кардаанд.


XS
SM
MD
LG