Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко хостори ваҳдат алайҳи бӯҳрон шуд


Сарвазири Украина Юлия Тимошенко дар як паёми телевизионӣ хостори иттиҳоди нирӯҳои сисёсии рақиб ба хотири дифоъи кишвар аз бӯҳрони молӣ шуд. Хонум Тимошенко ҳамчунин хостори лағви интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дар Украина шудааст. Тимошенко аз гурӯҳҳои сиёсии Украина даъват кард, зӯҳри имрӯз ба хотири баррасии масъалаи ташкили эътилофи нави ҳоким гирди ҳам биоянд.

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки Киев талош дорад ба манзури наҷоти низоми молиаш аз Сандуқи байналмилалии пул як қарзи чандмиллиарддолларӣ дарёфт кунад.


XS
SM
MD
LG