Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи назарҳо бар сари паймони амниятӣ


Normal 0

Раҳбарони сиёсии Ироқ натавонистаанд дар мавриди пуштибонӣ аз паймони амниятие, ки ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқро барои беш аз 3 соли дигар тамдид мекунад, даст ба иттифоқи назар биёбанд. Сарвазир Нурӣ Моликӣ, раисиҷумҳур Ҷалоли Талабонӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои дигари бузурги сиёсӣ шаби гузашта ин масъаларо баҳс карданд, вале тавофуқе дар ин нишаст ба даст наомадааст.

Қаблан, эътилофи ҳокими аҳзоби шиъаҳои Ироқ, ки аз ҷумла ҳизби Даъвои сарвазир Нурӣ Моликиро дар бар мегирад, хостори ислоҳи тарҳи паймони амниятии миёни Бағдоду Вошингтон шуд. Рӯзи шанбе ҳазорон шиъа дар Бағдод ба нишони эътироз ба ин қарордод ташкили намоиш карданд.


XS
SM
MD
LG