Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҳудуди 30 кило ҳероин дар Русия


Normal 0

Дар вилояти Маскав фаъолияти як гурӯҳи фаромарзии қочоқбари маводи мухаддир хунсо шуд. Аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ва Қазоқистон ба вилояти Маскав машғул буд, ба ҳангоми боздошт 5 кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст.

Ҳероини ахиран кашфшуда, ба гуфтаи маъмурони Хадамоти назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия, аз Тоҷикистон ба вилояти Маскав қочоқ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Самараи Русия як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки қаблан низ маҳкум шудааст, бо беш аз 24 кило ҳероин боздошт шуд. Мақомоти милиса мегӯянд, ин миқдор ҳероин аз як махфигоҳ дар ҳавлии манзиле, ки ӯ ба сар мебурд, кашф шудааст.


XS
SM
MD
LG