Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи 5 қавмгарои рус


Normal 0

Додситонии як минтақаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, таҳқиқи парвандаи 5 узви як гурӯҳи қавмгароро, ки ба ҳамла алайҳи як зодаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Ин афрод, ки яке хонандаи омӯзишгоҳ ва чаҳор тани дигар хонандагони синфҳои болоии як мактаби миёна будаанд, дар моҳи феврал дар кӯчаи Ставрополскаяи шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро сахт латукӯб карда, сипас аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд. Ба эътиқоди муфаттишон, ин ҳамла дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтааст.

Муҳокимаи парвандаро додгоҳи ноҳияи Люблинои пойтахти Русия анҷом хоҳад дод.


XS
SM
MD
LG