Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи аҳзоби шиъа хостори бознигарии паймон шуд


Normal 0

Эътилофи ҳокими аҳзоби шиъаҳои Ироқ хостори ислоҳи тарҳи паймони амниятии миёни Бағдоду Вошингтон шудааст. Ин созишнома ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқро то соли 2011 тамдид мекунад. Тарҳе, ки ҳафтае пеш, баъд аз моҳҳои музокирот миёни мақомоти Ироқу Амрико таҳия шуд, ҳамчун тарҳи ниҳоӣ муаррифӣ мешуд, вале эътилофи аҳзоби шиъа, ки аз ҷумла ҳизби Даъвои сарвазир Нурӣ Моликиро дар бар мегирад, бидуни овардани мушаххасот, мегӯяд, ки раҳбарони эътилоф мехоҳанд, баъзе бандҳои ин қарордодро бознигарӣ кунанд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ гуфтааст, ба зудӣ музокирот роҷеъ ба сарнавишти нирӯҳои 4100-нафарии Бритониё дар ҷануби Ироқ низ шурӯъ хоҳад шуд.


XS
SM
MD
LG