Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони бонки дуввуми Фаронса истеъфо доданд


Normal 0

Раиси бонки “Кейси дЭпаргнэ” ва ду мудиромили аршади ин дуввумин бонки бузурги Фаронса ба далели 600 миллион евро хисороти ахиран бардоштаи бонк аз мақомҳои худ истеъфо додаанд. Раиси бонк Шарл Милҳауд гуфт, ӯ масъулияти ин зиёнро пурра бар дӯш мегирад.

Бонки фаронсавӣ танҳо дар зарфи як рӯзи 6 октябр, дар ҳоле ки ҷаҳон дар панҷаи бӯҳрони молӣ қарор дошт, 600 миллион евро хисорот дидааст. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар ҳафтаи гузашта чунин зиён дидани “Кейси дЭпаргнэ”-ро коре ғайриқобилиқабул унвон карда буд.


XS
SM
MD
LG