Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Ҳолланд ба ИНГ 10 миллиард евро медиҳад


Normal 0

Мақомоти Ҳолланд мегӯянд, давлати Ҳолланд ба гурӯҳи бонкӣ ва бимаии ИНГ 10 миллиард евро сармоягузорӣ мекунад. Ин ширкати бузург рӯзи ҷумъа гуфт, интизор дорад, ки хисороташ бар асари бӯҳрони молӣ танҳо дар семоҳаи севвуми сол 670 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Давлатҳои ҷаҳон тайи чанд ҳафтаи охир ба хотири наҷоти низомҳои бонкӣ ҳудуди 3 триллиону 200 миллиард доллар ваъдаи кӯмаки молӣ кардаанд, ки асосан ҷиҳати харидории саҳмияҳои бонкҳои ба мушкилот дучоромада ва дубора фаъол кардани бозори қарзҳои байнибонкӣ масраф хоҳад шуд.

Дирӯз Кореяи ҷанубӣ низ ба ин хотир, 100 миллиард доллар ҷудо кард.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарони Аврупову Амрико ба хотири таҳияи барномаҳои муштараки муқобила бо бӯҳрони молӣ хостори баргузории як силсила нишастҳои ҷаҳонӣ шудаанд.


XS
SM
MD
LG