Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев


Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, оғоз шуд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳумин давраи ин мусобиқа байни футболбозони 16-17-сола дар 2 гурӯҳ бо ширкати 10 даста аз шаҳрҳои Душанбе (4 даста), Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ишкошим ва Нуробод сурат гирифтааст.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев дар бозии ниҳоӣ рӯзи 23-юми октябр муайян хоҳад шуд.

Эрон – қаҳрамони футболи Осиё

Ва хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки тими мунтахаби наврасони Эрон барои аввалин бор қаҳрамони Осиё байни футболбозони то 16-сола гардид.

Тими Эрон дар бозии ниҳоӣ, ки 18-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи Куриёи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG