Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА - мизбони ҳамоиши ҷаҳонӣ барои бӯҳрони молӣ


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, ҳини дидор бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануел Баррозу дар ИМА
Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, ҳини дидор бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануел Баррозу дар ИМА

Раҳбарони ИМА ва ИА хостори ҳамоиши байнулмилалӣ дар Амрико дар мавриди бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шуданд.

Дар ин бора Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, пас аз дидор ва гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануел Баррозу дар ИМА дар мавриди бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон эълон кард.

Дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ интизор меравад, ки масоили роҳҳали бӯҳрони молии шадиди пешомада, ҷилавгирӣ аз такрори чунин бӯҳронҳо дар оянда ва ҳамчунин масъалаи ҳифзи низоми бозори озод баҳс ва баррасӣ шавад.

Раисиҷумҳури Амрико дар мавриди замони баргузории ин нишаст иттилоъи мушаххасе надод. Вале раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ибрози умедворӣ кард, ки ин ҳамоиш то моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG