Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расми дафни сиёсатмадори баҳсбарангези Австрия


Сиёсатмадорон ва наздик ба 25 ҳазор нафар аз мардуми одӣ имрӯз дар расми дафни сиёсатмадори шадидан ростгарои австриягӣ, Ёрг Ҳайдер ширкат карданд. Президент ва садри аъзами Австрия низ дар расми дафн дар Клагенфурт, ки Ҳайдер волии он буд, ҳузур доштанд. Ҳайдер ҳафтае пеш дар як садамаи роҳ кушта шуд. Вай як сиёсатмадори тазодомез буда, бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ва зидди Иттиҳоди Аврупо машҳур гашт, аммо ҳамзамон муваффақ низ буд ва ҳизби худро борҳо ба пирӯзӣ расонд.
XS
SM
MD
LG