Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Рӯзи Фалак дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи Фалак ҷашн гирифта шуд. Дар расми боз шудани ид, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Фалак ва Шашмақомро пояҳои мусиқии тоҷик номид ва изҳори умедворӣ кард, ки рушди ин ҳунарҳо ба ваҳдат ва пешрафти миллӣ муосидат хоҳанд кард. Ба муносибати ид дар кохи "Тоҷикистон" ҳунарнамоии фалаксароён аз манотиқи гуногуни кишвар барпо гардид. Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, соли дуввум аст, ки Рӯзи Фалак дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва санаи таҷлили он бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 4 августи соли 2007 ҳамасола 10 октябр муқаррар шудааст. Аммо ба далели он ки 10 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари хидматӣ буд, маросими расмии таҷлили он ва консерти калони фалаксароён имрӯз дойир гардид. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон аз ин сабки мусиқии тоҷик пуштибонӣ мекунад, вазъи ҳунармандоне, ки ба фалаксароӣ машғуланд, дар ду соли охир тағйири мусбат надидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG