Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони молӣ дар баррасии Аврупо ва Амрико


Президенти Амрико, ҳамтои фаронсавии ӯ ва раиси Кумисюни Аврупо дар Кемп Дейвид, вокунишҳо ба бӯҳрони молии ҷаҳонро баҳс хоҳанд кард.

Саркозӣ, ки ҳамчунин аз номи тамоми Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст ширкат мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди имдоди ҳукуматҳо ба бозори саҳҳом, барои раҳоӣ аз бӯҳрон як низоми нав ва ниҳодҳои нави молии сермиллат заруранд.

Пеш аз мулоқот вай изҳори умедворӣ кард, ки Амрико аз ин талошҳои аврупо пуштибонӣ хоҳад кард.

Саркозӣ мегӯяд, яке аз ҳадафҳои нишаст дар Иёлоти Муттаҳида омода кардани анҷумани сарони ҷаҳон барои ҳалли ин мушкилот аст ва 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар ин бобат ба ӯ салоҳияти комил додаанд.

Ҳарчанд дар сухан раиси ҷумҳури Амрико, Ҷорҷ Буш, низ аз ин андешаҳо ҳимоят кардаст ва мегӯяд, мушкил бояд дар ҳамкории наздик осон гардад, вай ишорае низ дод, ки ислоҳоти молӣ танҳо замоне ба амал хоҳад омад, ки президенти нави Амрико ба кор сар кунад.

Сухангӯи Кохи Сафед, Дана Перино, интизориҳоро аз мулоқоти Кемп Дейвид коҳиши бештар дод. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир ба Амрико муҳим аст, бемории феълиро боздорад ва гузаштан ба барномаи бузургтар кори оянда мебошад.

Аммо Саркозӣ, ислоҳи вазъро як кори фаврӣ мешуморад ва мехоҳад, анҷумани сарони ҷаҳон то поёни имсол барпо гардад. Вай мегӯяд, ислоҳот набояд то ба кор сар кардани президенти нави Амрико дар моҳи январ ба таъвиқ гузошта шавад. Саркозӣ ҳамчунин умедвор аст, ки нақши Сандуқи Байнулмилалии Пул дар низоми нави молӣ тағйир дода шавад.

Дидори Кемп Дейвид дар ҳоле ҷараён мегирад, ки шохисҳои иқтисодии ҷаҳон бо ҷаҳишҳои бесобиқа рӯбарӯянд, бекорӣ дар ҳамаи кишварҳо афзоиш меёбад ва ниҳодҳои молӣ пайиҳам варшикаста мешаванд.
XS
SM
MD
LG