Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Базмҳои шеъри Фарзона дар Инглистон


Китоби Шоираи Мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фарзона ба забони инглисӣ дар як силсила шабҳои шеър дар манотиқи гуногуни Инглистон муаррифӣ шуд. Бо ин мақсад ва даъвати созмони "Адабиёт ва тарҷума" хонуми Фарзона барои ду ҳафта меҳмони Инглистон буд. Шаби гузашта вай дар бузургтарин толори Донишгоҳи Лондон шеърхонӣ кард. Шоир, рӯзноманигор ва овозхони тоҷик Толиби Озарахш, ки шоираро ҳамроҳӣ мекард, чанд таронаи тоҷикиро ба ҳозирон тақдим дошт. Ин аввалин бор аст, ки китоби Фарзона ба забони инглисӣ нашр ва ба ин шева муаррифӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG