Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии зиддиамрикоӣ дар Бағдод


Ҳазорон нафар аз тарафдорони рӯҳонии шиъа, Муқтадо Садр имрӯз дар Бағдод бо шиорҳои зидди ҳузури ҳарбии Амрико дар Ироқ раҳпаймоӣ карданд. Садр аз порлумони Ироқ талаб кард, созиши Иёлоти Муттаҳида ва Ироқро, ки ба нерӯҳои Амрико имкон медиҳад, боз се соли дигар дар Ироқ боқӣ бимонанд, рад кунад. Созиши ду ҷониб пас аз чанд моҳи гуфшунид ба даст омад. Ҷузъиёти он эълон нашудаанд, вале тибқи хабарҳои матбуоти Амрико нерӯҳои Иёлоти муттаҳида дар соли 2011 аз Ироқ бароварда мешаванд. Ва мақомоти ироқӣ сарбозони амрикоиро танҳо барои ҷиноятҳое метавонанд, ҷазо диҳанд, ки на дар пойгоҳи онҳо ва на дар вақти иҷрои вазифа ба амал омадаанд.
XS
SM
MD
LG